ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ оид ба маъалаҳои об

Ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ оид ба маъалаҳои об

(дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалӣ оид ба  оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028»)

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ   ҳамкории худро бо ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тавсеа бахшида, дар доираи ин ҳамкориҳо мавқеъ ва нуфузи худро тадриҷан дар арсаи байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд.

Мусаллам аст, ки тақвияти муносибатҳои густарда дар инкишофи ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногуни байналмилалӣ  ба мақсад ва принсипҳои сиёсати берунаи Тоҷикистон  мусоидат менамояд ва дар ин радиф,   ҳар кишваре бобати устувор намудани мавқеъ ва саҳмгузорӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамзамон ҳимояи  манфиатҳои миллӣ дар тамоми самтҳо кўшиш менамояд.

Ин аст, ки бо ҳидоят ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои хориҷӣ мувофиқ бо талаботи замон ва талаботҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омада, тадриҷан мукаммал гардида истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар, ҳамкориҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид баҳри рушди минбаъда нақши калон дошта, дар ин замина, Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои худ бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Қобили зикри хос аст, ки пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид заминаи устуворро барои рушди ҳамкориҳо бо ин созмон  фароҳам оварда,  Тоҷикистон  худро ҳамчун кишвари дорои сиёсати созандаву бунёдкор ва ташаббускор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Дар ин радиф, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо дар баробари дигар проблемаҳои глобалии ҷаҳон, ҳамзамон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба проблемаҳои оби ошомиданӣ ва  захираҳои он ҷалб намуда, вобаста ба проблемаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ пайваста масъалагузорӣ менамояд.

Айни замон, дар ҷаҳони муосир таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ рӯз то рӯз афзун гардида, хатарҳоеро  ба монанди амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, вазъи экологии ҷаҳон ва ѓайра ба миён овардааст ва маълум аст, ки дар баробари афзоиш ёфтани ин хатарҳо, ҳеҷ кишваре дар танҳоӣ дар муқобили он истодагарӣ карда наметавонад, аз ин рў, пешгирӣ аз чунини хатарҳо бидуни талошҳои якҷояи кишварҳо дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ имконнопазир аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири чунин хатарҳои глобалӣ дар канор монда наметавонад ва дар ин росто бо ташаббусу ибтикороти худ ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баромад намуда, пешниҳодҳои худро ироа менамояд.

Дар робита ба омилҳое, аз ҷумла кам гардидани захираҳои оби тозаи ошомиданӣ, ки айни замон дар ҷаҳон, беш аз 2 миллиард нафар одамон камбудии шадиди онро эҳсос мекунанд, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии ин мушкилотҳои табиӣ ҷалб намуда,  аз минбарҳои баланди байналмилалӣ қайд намудаанд, ки: «Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаьҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад».

Зимнан, Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он сарвату захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт дониста,   бо роҳандозии густурдаи дипломатияи бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи об ҳадафи бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайваста пайгирӣ мекунад.

Дар доираи ин дипломатия ва дар пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи марбут ба об, шуруъ аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 7  Қатъномаро вобаста ба ҳалли масъалаҳои об, аз қабили  «Соли байналмилалии «Оби тоза», соли 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии «Ҳамкорӣ дар соҳаи об», соли 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028»  қабул намуд,  ки мавриди истиқбол ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.

Дар робита ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028», ки аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ гардида, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад,  аз 22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об эълон гардидааст.

Қобили зикри хос аст, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалии амали «Об ба хотири рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ташаббуси чоруми ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон мебошад, ки бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории 177 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадаф аз ин ташаббусҳо таъкиди зарурати ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҳамчун манбаи ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Вобаста ба ин, яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъмини нақши созандаи кишвар дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст.

Дар идомаи ташаббускорӣ дар ҳалли масоили мубрами байналмилалии вобаста ба об,  моҳи августи соли 2016 бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» ва   июни соли 2018 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба  оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» баргузор гардиданд.

Айни замон аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузории Конференсияи дуюми  байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад.

Қобили қайд аст, ки дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистон тавонист бо ташаббусҳои башардӯстонаи худ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Имрӯз Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешсафу ташуббускор оид ба масъалаҳои об пазируфта шудааст.

Зимнан, инъикоси ҳадафҳои рушди устувор дар ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон пеш аз ҳама бо ташаббусҳои байналмилалии ин кишвар дар соҳаи об алоқаманд мебошад. Таъмини дастрасӣ ба сарчашмаҳои арзон, боваринок, устувор ва муосири нерӯ барои ҳамагон, дарбаргирандаи ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Яъне мақсад аз ироаи ташаббусҳо ва қабули ҳадафҳои рушди устувор низ ба таври назаррас баланд бардоштани самаранокии истифодабарии об дар тамоми бахшҳо ва таъмин намудани иҳотаи устувор ва додани оби ширин барои ҳалли проблемаи норасоии об ва бештар кам намудани шумораи одамони аз норасоии об танқисӣ кашанда, вусъат бахшидан ба ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирӣ дар кори пурзӯр намудани иқтидори кишварҳои дар ҳоли рушд дар амалисозии фаъолият ва барномаҳо дар соҳаи таъмини об ва беҳдошт, аз ҷумла ҷамъоварии обҳои ҷории сатҳӣ, ширинсозии об, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, тозакунии гандобҳо ва истифодаи технологияи гардиши дубора ва истифодабарии такрорӣ ва дигар фаъолияти ба самти рушд равонашударо дар бар мегиранд.

Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки гидроэнергетика омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо боқӣ мемонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 55,4 фоизи ҷараёни миёнаи бисёрсолаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эьтибор гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсия «Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қарор қабул кард.

Дар мисоли Тоҷикистон, ки дар он 95 фоизи нерӯи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, вобастагии бевоситаи ин ду омили муҳими рушди устувор бараъло зоҳир мегардад. Дар Тоҷикистон солона тақрибан 18 миллиард кВт. соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад ва ин ҳамагӣ 3-4 фоизи иқтидорҳои мавҷудбудаи кишварро, ки ба 527 миллиард кВт. соат нерӯи барқ дар як сол мерасанд, ташкил медиҳад. Аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рӯйи тақсимоти онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Дар навбати аввал ин ба таъмини амнияти обӣ ва обтаъминкунии кафолатнок барои обёрии заминҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хушксолиҳо тавассути танзими бисёрсола ва мавсимии маҷрои об дар обанборҳо, ҳамчунин ба пешгирии ҳолатҳои фавқуллодаи вобаста ба об, мисли селу обхезӣ, мусоидат мекунад. Сониян, баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки минтақа бо қувваи барқи дастрас ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шавад ва ҳамзамон барои татбиқи Ҳадафи ҳафтуми рушди устувор мусоидат сурат гирад. Ахиран, истифодаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат инчунин ба коҳиши назарраси паҳншавии гази карбон дар атмосфера мусоидат мекунад.

Имрўз дар кишвари мо шароите ба миён омадааст, ки ҳар як шаҳрванди ин сарзамин метавонад дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеи хешро озодана  муайян намояд.

Рисолати ҳар як фарди ватанпарвари ҷомеа ин тарѓиби  нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳама ҷодаҳои фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳо мебошад.

Имрўз тамоми ниҳодҳо баҳри тарғиби васеи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои байналмилалӣ оид ба проблемаҳои глобалии ҷаҳон, аз ҷумла  ҷиҳати  эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об, сиёсат ва таҷрибаи Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва дар ин замина, пазироии пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳҳид зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» имрўз тамоми тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодаанд.

Имрӯз  Тоҷикистон бо сарварии Пешвои худ ҳамчун ташаббускори масъалаҳои глобалии ҷаҳон вобаста ба об шинохта шудааст, аз ин рў, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи ин ташаббусҳои созанда саъйю кўшиш намояд.

 

Таҳияи Амирбек Мўсозода ва Хуршед Низомов