ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ” ДАР ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ” ДАР ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН                                  ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ” ДАР ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН                               ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ” ДАР ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

 

Бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ ва намоиши аксҳо  таҳти унвони «Ваҳдатнигор»  баргузор гардид.

Дар маърӯзаи худ Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсозода вобаста ба нақши сулҳофарини тоҷикистониён дар ҳамбастагӣ бо рисолати таърихии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари хирадманду ояндабини миллат муфассал маълумот дода, ҳамзамон  қайд намуд, ки самараи неки Ваҳдат аст, ки имруз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар шинохта шудааст ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон, иттифоқ  ва ҳамдилии миллати мо манбаи омӯзиши ҷаҳонӣ гардидааст, ки боиси ифтихори мо мебошад.

Амирбек Мӯсозода аз аҳли эҷод даъват ба амал овард, ки ҷиҳати мусоидат намудан ба раванди густариши санъати миллӣ, инъикоси ғояҳои давлатдории миллӣ  ва арзишҳои ҳуввиятсози миллати тоҷик дар  асарҳои мусиќӣ боз ҳам фаъол бошанд.

Диловар Латифзода – Муовини ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов инчунин дар баромади худ дар бораи рисолати таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва фазои устувори сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар суханронӣ  намуд.

Дар хотимаи чорабинӣ барои иштирокчиёни ҳамоиш аз ҷониби  ҳунармандони Кумитаи телевизион ва  радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯён ва хонандагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи. Т. Сатторов ва Мактаби бачагонаи санъати №3 ба номи А. Ленский консерти идона намоиш дода шуд.

                                                                                                                                                                                                                                                                                              Таҳияи Хуршед Низомов