Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон аҳли эҷодро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз, баҳори тозапаём, орзуву андешаҳои дилангез самимона табрику таҳният гуфта, сарсабзию хуррамии бахту иқбол, файзу баракоти зиндагӣ ва ибтикороти навро баҳри ободии кишвари маҳбубу соҳибистиқлоламон таманно менамояд.
Бовар ва эътимод бар он аст, ки дар фарози ин ҷашнҳои фархунда ва руҳнавоз фаъолияти аҳли эҷоди мамлакат баҳри густариши санъати касбии миллӣ ва маънавиёти ҷомеа боз ҳам тавсеа хоҳанд ёфт.
Дар ин рӯзҳои фархунда бароятон бахту саодати наврӯзӣ, иқболи баланду толеи нек ва сарбаландию комрониҳо ва комёбиҳои беназирро бобати рушди Тоҷикистони муосир таманно менамоем.
Бигзор ҷашни Наврӯз бо манзалати бузургаш, бо русуми ачдодиаш калбатонро пурнур, шаҳомати бахтро фаровон ва шукуфтахои максудро бароятон мушарраф гардонад.
Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон