ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

ШАШМАҚОМ – ГАНҶИНАИ ТИЛЛОИИ САНЪАТИ МИЛЛИИ ТОҶИК

 

ШАШМАҚОМ - ГАНҶИНАИ ТИЛЛОИИ САНЪАТИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Бо шарофати соҳибистиқлолии худ Тоҷикистон аз ибтидо аз пайи эҳё ва ҳифзу нигаҳдории шаклҳои гуногуни мероси миллии худ буда, дар ин радиф, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯъ ва пешбурди фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, санъати касбӣ, равияҳои ҳунармандӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг ва махсусан масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд, ки он ифодагари иқдомоти муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи мероси фарҳангии халқи тоҷик ва таҳвили он ба наслҳои оянда мебошад.

Дар ҳар ҷомеаи муосири тамаддуни башарият фарҳанг асоси ҳастии миллат ва рукни муҳими ташаккули дунёи маънавӣ эътироф гардида, ба ҳаёту фаъолияти тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, оини давлатдорӣ, рушду такомули  эҷодиёти халқ  таъсири амиқ мерасонад.

Дар ин зимн, суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Фарҳанг ҷавҳари ҳастӣ ва пояи миллат аст», тасдиқи он аст, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ҳар як халқу миллат танҳо тавассути дастовардҳои фарҳангии хеш соҳиби обрӯю нуфуз ва дастгирии ҷомеаи мутамаддин метавонад гардад.

Қайд кардан хеле бамаврид аст, ки маҳз туфайли ибтикороти пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар самти эҳё ва рушду такомули мусиқии касбӣ ба дастовардҳои воқеан назаррас ноил гардид.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «…фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима,  гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла, осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии Шашмақом ва Фалак ва садҳо дастовардҳо ва падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷахон машҳур аст».

Дар ин зимн, таъсиси ансамблҳои давлатии «Шашмақом» ва «Фалак» ва ҳамчун мероси нодири фарҳангии ҷаҳон ва намунаи беназири мусиқии эҷодию анъанавии миллӣ ва қуллаи баландтарини мусиқии суннатии тоҷикон пазируфта шудани санъати  «Шашмақом» ва «Фалак»  аз ҷониби Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ЮНЕСКО  аз ҷумлаи дастовардҳои беназири даврони Истиқлолият дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.

Дар ин радиф, бо мақсади такмили минбаъдаи анъанаҳои фарҳанги мусиқии халқи тоҷик дар заминаи арзишҳои асили санъати мақомхонӣ, тарбияи  ҷомеа дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба мероси маънавии ниёгон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо фармони таърихии худ «Дар бораи инкишофи минбаъдаи санъати шашмақомсароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№ 294, аз 12 майи соли 2000)  ба ансамбли «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман мақоми давлатӣ доданд ва  ҳамасола 12 майро дар тақвимбандии идҳо ҳамчун Рӯзи Шашмақом ворид намуданд, ки ин як қадами устувору  мушаххасе дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

Дар ин зимн, асосгузории ҷашнҳои давлатии Рӯзи Шашмақом (2000) ва Рӯзи Фалак (2007) маънои дар сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми афзалиятнок пайдо кардани ин ду шакли санъати мусиқии суннатиро дошта, нақши ин ду ҷашн дар устуворгардонии санъати мақомхониву фалакхонӣ хеле бузург аст.

Айни замон, бо назардошти ҳифзи аслияти ин мероси маънавии тоҷикон – санъати классикии Шашмақом ва мусиқии суннатии тоҷик Фалак, ҳамзамон системаи меросии таълими санъати мусиқии профессионалии тоҷик – мактаби суннатии устод-шогирд дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ, якрангшавӣ ва оммашавии фарҳангу санъат, ба амал овардани ислоҳоти куллӣ дар вазъи кунунӣ ва рушди Шашмақом, мақомҳои маҳаллии тоҷик, Фалак ва эҳёи мукаммали мактаби суннатии устод-шогирд баҳри такон додан ва ба даст овардани худшиносии вокеии наслҳои ҷавон, баланд бардоштани мақоми мусиқии суннатии тоҷик дар ҷомеаи муосир, рушди мукаммали тафаккури бадеиву маънавии имрӯзаи тоҷикон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди амалӣ анҷом дода шуда истодаанд.

Мероси  мусиқии  суннатии  тоҷик «Шашмақом» ва дар  тӯли қарнҳои зиёд чун як асари силсилавии шаклан мураккаб, вале хусусияти касбӣ дошта, рушду мукаммал мегардид ва аз насл ба насл ба таври шифоҳӣ дар шакли анъанаи зинда – тавассути   низоми суннатии «устоду шогирд» интиқол меёфт.

Бояд тазаккур дод, ки дар гузашта ниёгони мо таваҷҷуҳи худро  дар баробари дигар пажӯҳишҳо, ҳамзамон ба  санъати   мусиқӣ,   назарияи  илми  мусиқӣ  ва созҳои мусиқӣ равона намудаанд. Осори илмию   назариявии ниёгони мо аз қабили Абӯнасри Форобӣ,  Абӯалӣ Ибни Сино, Иброҳими Мавсилӣ,   Исҳоқи Мавсилӣ, Ибни Мазбон, Котибии Хоразмӣ, Абдулмӯъмин Сафиуддини Ҷурҷонӣ, Сироҷиддин Қамар,  Абдулқодири Гӯянда, Қутбиддини Шерозӣ, Абдулмӯъмин Сафиуддини Урмавӣ, Абӯюсуф Ёқуб ал-Киндӣ, Фахриддини Розӣ, Фурсати Шерозӣ, Зиёвуддини Юсуфӣ, Муҳаммади Ҳусайнӣ,  Абдураҳмони Ҷомӣ, Дарвеш Алии Чангӣ,   Кавкабии Бухороӣ, Зайнулобиддини Ҳусайнӣ, Абдулқодири Мароғаӣ,  Муҳаммад ибни Маҳмуди Омулӣ ва садҳо дигар бузургони гузаштаи миллати бофарҳанги тоҷик то имрӯз мақоми хосса доранд.

Борбади Марвазӣ – бузургтарин намояндаи миллати мо бо ҳунари воло ва эҷоди нотакрораш  ҳамчун баландтарин нуқтаи икишофи санъати мусиқӣ, зиёда аз 1400 сол боз дар шуури бадеии аҳди илму адабу ҳунар ҷой гирифта, оҳангҳои безаволи ин нобиғаи таърихӣ  заминаи асосии рушди минбаъдаи санъати  мусиқии касбии мардумони Шарқ гаштааст. Тибқи маълумоти муаррихон устоди хунёгарон Борбади Марвазӣ 360 достон, 30 лаҳни мураккаби нишотангез ва 7 достони «Хусравонӣ» эҷод намудааст. Боиси таъкид аст, ки 12 пардаи мусиқӣ аз таснифоти Борбад ибтидо мегирад. Дар ин замина, бояд аз   ҳамасрони Борбад  – ромишгарону  ҳунармандон чун Саркаш, Гесӯи Навогар, Бомшод,  Саркаб,  Ромтин, Накисо ва дигарон низ ёдовар гардид, ки бо эҷодиёти худ дар поягузории касбияти санъати мақом ва мақомсароӣ нақш доштанд.

Мероси  мусиқии  суннатии  тоҷик «Шашмақом» дар  тӯли қарнҳои зиёд чун як асари силсилавии шаклан мураккаб, вале хусусияти касбӣ дошта, рушду мукаммал мегардид ва аз насл ба насл ба таври шифоҳӣ дар шакли анъанаи зинда – тавассути   низоми суннатии «устоду шогирд» интиқол меёфт.

Аввалин осори таърихӣ роҷеъ ба санъати Шашмақом, ки то ба замони мо омада расидаанд, рисолаҳои мусиқии Бухоро мебошанд. Аз ҷумла,  дар «Рисолаи Шашмақом», ки соли 1847 таълиф гардидааст, сохтори таълифоти силсилавии бахши овозӣ ва шеъру манзумаҳо дар шакли баёз таҳия гардидааст. Соли 1878 донандаи маъруфи Шашмақоми Бухоро  Паҳлавонниёз Комили  Хоразмӣ  бори нахуст дар асоси дастаи танбӯр низоми  ба  худ  хоси  сабти  адвори мусиқиро мураттаб сохт, ки баъдан бо номи «Адвори  хоразмии  танбӯрӣ» маъруф гардид.

Тавре устод Садриддин Айнӣ нигоштаанд:  «Шашмақом, ки номи умумии мусиқии классикии халқи тоҷик аст, якбора ба ин шакли ҳозираи мукаммалшудааш нарасидааст, балки монанди ҳунар ва пешаҳои дигар бо хизмат ва ихтирои одамони бисёр – сарояндагон, навозандагон ва оҳангсозон такмил ёфтаааст».

Дар баробари ин, бояд як нуктаро таъкид намуд, ки дар рушди  ин санъати нодир  саҳми мактаб ва  ҳавзаҳои  эҷодию иҷроии Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Тошканд, водиҳои Ҳисор, Зарафшон, Дарвозу Рашт ва  Фарғона нақши назаррасе  доштанд.

Зимнан, саҳми сарояндаву донандагони санъати мақом  Бобомуллои Хонанда, Қорӣ Каромати Дилкаши Танбурӣ,   Раҳимбердии Танбурӣ, Абдусамадбеки Ҳофиз, Бобоғиёс Абдуғанизода, Бобоҷалол Носирзода, Леви Бобохон, Домуло Ҳалим, Устод Шодӣ, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Меҳтари Туробӣ, Содирхон Ҳофиз, Мулло Тӯйчӣ, Абдуқодири Ҳофизи Истаравшанӣ, Саидхони Ҳисорӣ, Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Барно Исҳокова, Нисон Шоулов, Боймуҳаммад Ниёзов,  Нериё  Аминов, Аҳмад Бобоқулов, Алиҷон Солиев,  Маъруфхӯҷа Баҳодуров,  Алмос Абдуллоев, Лола Баракаева, Меҳрӣ Исҳоқбоева, Мастона Эргашева, Абдуҷалил Ҳошимов, Карим Қосимов, Барот Яхшиев, Асадулло Атоуллоев, Тӯхта Иброҳимова, Сабоҳат Наҷмиддинова ва дигарон дар ҳифзу эҳёи анъанаҳои мақомхонӣ бузург аст. Ҳамзамон санъати «Шашмақом» дар рушди мусиқии анъанавӣ ва сабку равияҳои гуногунжанри ҳунармандони мардумӣ, аз қабили Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назриев, Зафар Нозим, Иброҳим Кобулӣ ва дигар ромишгарон саҳми назаррас гузошта, маҳз дар заминаи суруду оҳангҳои Шашмақом силсилаи нави таронаю оҳангҳои  ин устодон эҷод  гардидаааст.

Бо тақозои замон дар назди ҷомеа ва донандагони Шашмақом дар марҳилаи  начандон  дур  масъалаи  сабти  навоҳои дилангези Шашмақом дар хати адвори муосир пеш омад, то ин шоҳасари бузург на танҳо дар ҳофизаву хотираи ҳунармандон, балки дар воситаҳои сабти хаттӣ низ дарҷ гардад.

Соли 1924 бо ибтикори фолклоршиноси машҳури рус, мусиқишинос ва оҳангсоз Виктор Успенский  ва мусиқишинос ва мардумшиноси рус Николай Миронов бо  ҷалби шоир Абдурауф Фитрат ва донандагони маъруфи  Шашмақом Бобо Ҷалоли Носирзода ва Бобо Ғиёси  Абдуғанизода бори нахуст китоби Шашмақом «Шест музыкальних поэм Шашмакома», дар хати адвори муосир таҳия ва чоп гардид. Бояд тазаккур дод, ки ин  нашри  китоб  бе овардани  матни ашъор  анҷом  ёфт,  ки  омили аслии  он  эҳтимолан  ба  забони тоҷикӣ будани матнҳои шеър бошад. Ба ҳар ҳол, нашри он баҳри рушди хати адвори санъати мусиқии миллӣ саҳми назаррас дошт.

Устод Садриддин Айнӣ дар мақолаи худ бо номи «Назаре ба гузаштаи санъати тоҷик» таъкид менамояд: «Мо бо ҷасорат гуфта метавонем, ки дар тавлиду ташаккули «Шашмақом» хидмати аввалинро тоҷикон кардаанд, чунон ки аксар шуъбаву сурудҳои ин шоҳасар мисли «Рост», «Дугоҳ», «Наврӯзи Сабо», «Наврӯзи Хоро», «Наврӯзи Аҷам», «Сегоҳ», «Чоргоҳ», «Бебокча», «Савора», «Тарона» тоҷикианд. З-ин рӯ, ин шоҳномаи фалсафиву ахлоқӣ набояд аз миён равад».

Баъдан, бо ибтикори аллома Бобоҷон Ғафуров солҳои 1947-1967 дар Тоҷикистон меросбарони барҷастаи санъати Шашмақом  устодон Бобоқул  Файзуллоев,  Шоҳназар Соҳибов  ва Фазлиддин  Шаҳобов зери таҳрири  муҳаққиқ,  мусиқишинос-этнограф  Виктор  Михайлович  Беляев   китоби  панҷҷилдаи  Шашмақом бо матни ашъор бо забони  асл – яъне забони  тоҷикӣ   бори нахуст  омода  ва  нашр  намуданд.

Бояд иброз намуд, ки он иқдомҳое, ки дар солҳои Шӯравӣ аз ҷониби фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ гардиданд, ин санъати миллиро тавонистанд аз маҳвшавӣ эмин доранд.

Таъсиси нахустин гуруҳи мақомсароён дар назди радиои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар  соли 1947  ва баъдан табдили он ба ансамбли касбии мақомхонон дар назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавоии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1964, гирдоварӣ ва ба нотагирии «Шашмақом»  дар панҷ ҷилд, сабти  созию овозии он барои Хазинаи тиллоии радио ва телевизиони тоҷик ва мақоми давлатӣ додан ба ин мероси нодир,  иқдомҳои  ин шахсиятҳои ватандӯсту хештаншиноси миллат буд, ки тавонистанд ин ганҷинаи мусиқиро ба қадри ҳол дар шакли силсилавӣ маҳфуз доранд.

Омӯзиши анъанаҳои мусиқӣ дар шароити имрӯза бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои илми мусиқӣ имкониятҳои  хеле васеъ фароҳам оварда, он ҳамчун қисми таркибии анъанаҳои мусиқӣ  ва таърихи халқи тоҷик дар маркази диққати махсус қарор гирифт. Барои муайян намудани умумият ва хусусиятҳои хоси ташаккулу рушди таърихи мусиқии касбии тоҷик – хоса санъати Шашмақом ва санъати мақомхонӣ олимони соҳаи мусиқишиносӣ ба монанди Аслиддин Низомов, Фароғат Азизӣ, Аскаралӣ Раҷабов, Абдувалӣ Абдурашидов, Наим Ҳакимов, Суотоналӣ Худойбердиев, Фурқат Саидзода ва дигарон барои ҳифзу эҳёи анънаҳои санъати мақомхонӣ ва инъикоси он аз нигоҳи  раванди бадеият саҳмгузорӣ намуда, нақши онро дар ҳаёти маънавии халқи тоҷик  аниқ намуданд.

Дар ин зимн, айни замон аз ҷониби олимони соҳаи мусиқишиносӣ – аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон корҳои амалӣ дар самти коркарди санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таълимӣ-методии мактаби суннатии устод-шогирд ва тарбияи мутахассисони соҳаи Шашмақому Фалак мутобиқи талаботҳои аслии мактаби суннатии устод-шогирд, таҳияи барномаҳои таълимӣ, маводҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ оид ба Шашмақом ва Фалак,  ҷамъоварӣ, омода ва чоп намудани мақомҳои маҳаллии тоҷикӣ ва маҷмуаҳои нотавӣ оид ба Шашмақому Фалак, таҳкими асосҳои таълимӣ-методӣ ва илмии мусиқии суннатии тоҷик тавассути таҳияи феҳристу луғатномаҳо ба тадриҷ  амалӣ гардида истодаанд.

Оид ба масъалаи эҳёи мактаби «Устод-шогирд» қайд намудан ҷоиз аст, ки он ҳамчун сарчашмаи амалкунандаи анъанаҳои касбӣ ба ҳисоб рафта, дар таълиму омӯзиши паҳлуҳои гуногуни санъати анъанавӣ истифода бурда мешавад ва услуби мазкур дар санъати мусиқии имрӯзаи тоҷик дар раванди омӯзиши мусиқии анъанавии Шашмақом ва Фалак дар муассисаҳои таълимиии соҳаи фарҳанг ва санъат ба роҳ монда шуда, барои ҷорӣ намудани таълимоти он корҳои зиёде амалӣ шуда истода, системаи таълимии мактабаи мазкур ба сабки услуби анъанавӣ ва фанҳои махсуси таълими мусиқӣ ҷараён гирифта  истодааст.

Ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».

Аз ҳамин нияту амали нек то ба имрӯз дар сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рушди бонизоми фарҳангу санъат, эҳёи суннату фарҳанги антиқии милливу ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он самти афзалиятнок буда, аҳли фарҳангу ҳунар аз чунин пайгирӣ ва иқдомҳои беназир дар муназзамгардонии ҳифзу рушди фарҳанги асили миллати тоҷик ифтихорманданд ва барои  рушду нумӯи он тамоми нерӯ ва истеъдодашонро равона намудаанд.

Санъати «Шашмақом» хазинаи нодири миллати тоҷик  аст, ки савту таронаҳои он бо манзалату маърифаташ дар замири инсон фазилатҳои накӯӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносиро бедор намуда, ҷаҳони андеша ва зеҳниятро ҷилои нав мебахшад.

Дар ин радиф, бегазанд расонидани ин ганҷинаи тиллоии миллат барои наслҳои оянда, вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад.

 

                                                                                                                 Амирбек Мӯсозода

                                                                                                             Хуршед Низомов