ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

РУШДИ ФАРҲАНГУ САНЪАТ КАФОЛАТИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

                                                                                                                                                                                                                                                                                       Хуршед Низомов,

                                                                                                                                                                                                                                                           мусиқишинос, аъзои Раёсати

                                                                                                                                                                                                                                                   Иттифоқи  композиторони Тоҷикистон

 

Фарҳангу  ҳунар як рукни тамаддуни башарӣ буда, дар заминаи меросу суннатҳои миллӣ ва дастовардҳои  халқу миллатҳо рушд меёбад. Миллати тоҷик бо фарҳангу тамаддун ва санъати олии аз ниёгон меросгирифтаи худ тавонист, ки миёни оламиён шуҳратманд гардад ва бо дастовардҳои фарҳангии хеш дар рушду такомули тамаддуни умумибашарӣ саҳмгузор бошад.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сиёсати фарҳангии худ ба таҳкими бунёди маънавии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи мардум, боло бурдани  ҳ исси ифтихори миллӣ, осоиш ва сулҳу суботи ҷомеа,  ҳувияти миллӣ, таъмини  ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ва амсоли ин аҳамияти ҷиддӣ медиҳ ад.

Ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст» .

Аз  ҳамин нияту амали нек то ба имрӯз дар сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бонизоми фарҳангу санъат, эҳёи суннату фарҳанги антиқии миллӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он самти афзалиятнок мебошад.

Фарҳанг доманаи густурда дорад ва дар  ҳама замонҳо рисолати созандагии миллатҳову халқиятҳоро дорост. Ҷомеаҳое ки такя ба фарҳанг доранд, дар арсаи  ҳама талошҳо муваффақанд. Далели ин гуфтаро дар  ҳаёти кишварҳои абарқудрати имрӯза дида метавонем, ки маҳз тӯли садсолаҳ о бо гиромидошти фарҳанг ва тақвияти ҷабҳаҳои фарҳангӣ тавонистаанд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузу эътиборро пайдо намоянд. Имрӯз наметавон дарёфт он кишвари абарқудратеро, ки бидуни ҷилои фарҳанги аҷдодиву мулкии худ  арзи  ҳ астӣ дошта бошад.

Бешак, фарҳангу санъат падидаи нодир ва арзишманди  ҳаёти иҷтимоӣ мебошад, ки  дар рушди маънавии ҷомеа нақши  муҳим дошта, ҷузъи қавии фарҳанг, омили бузурги хештаншиносӣ ва муассиртарин муарифгар барои  ҳар миллат  маҳсуб меёбад.

Қобили зикри хос аст, ки миллати тоҷик дорои фарҳангу мусиқии таърихии воло буда, бо таълифу тадвини осори гаронбаҳо дар тамоми бахшҳои илму  ҳунар, аз ҷумла, таълифу таснифи осори рангини мусиқӣ, дар ғанӣ гардонидани санъату  ҳунар ва фарҳанги умумибашарӣ саҳ и назаррас дорад[1].

Бояд қайд намуд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ,  мақоми фарҳангу санъат дар ташаккули ҷаҳонбинии нав афзуда, нақши тарбиявbю маърифатӣ ва иттилоотии он боз  ҳам афзун мегардад.

Ин аст, ки имрӯз дар ҷаҳон роҳу услубҳо ва принсип ҳ ои гуногуни сиёсати фарҳангӣ мавҷуданд ва  ҳар як кишвар ин сиёсатро  бо назардошти таҷриба, хусусиятҳои хоси таърихию фарҳангӣ, афзалиятҳои объективии сиёсӣ, иқтисодӣ  ва стратегияи нотакорори хеш татбиқ менамояд.

Сиёсати фарҳангии  Ҳ укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки дар радифи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ соҳаи фарҳанг вусъати тозаро касб намуда, барои кашфи падидаҳои нави фарҳангиву ҳунарӣ, сайқал додани  ҳунар, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ, таҳкими равобити фарҳангии манотиқи гуногуни кишвар заминаҳои боэътимодро фароҳам оварад.

Мусаллам аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ дар тамоми соҳаҳо ворид намудани равандҳои инноватсионӣ амри зарурӣ ба  ҳисоб меравад. Талаботи ҷаҳони муосир ҷорӣ намудани навгонӣ дар ҳама самтҳои ҳаёт аст. Фарҳангу санъат ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири ҷомеа бояд ҳамрадифи ҷомеа бошад. Аз ин рӯ, татбиқи навгониҳо дар ин самт амри зарурӣ мебошад.

Бо назардошти ин,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амсилаҳои (моделҳои) идоракунии соҳаи фарҳангро бо усулҳои бунёди низоми устувори арзишҳо, дастгирии лоиҳаҳои имиҷнок, ташкилотҳои эҷодӣ, дастаҳои  ҳунарӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳангу санъати баргузида, ташаккули завқҳо ва арзишҳои баланди зебоиписандӣ дар байни оммаи васеъ роҳандозӣ намуда истодааст.

Татбиқи воқеии истиқлоли фарҳангӣ, ки яке аз аркони истиқлоли миллист, танҳо дар сурати омӯзиши бевоситаи сарчашмаҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ба назар гирифтани анъанаҳои фарҳангӣ, дарки мероси фарҳангии мардум, тарғиби нақш ва аҳамияти  фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ имконпазир мегардад.

Бо назардошти ин, айни замон, аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи наву  ҳадафманд ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳа тарҳрезӣ гардида,  ба ин васила ҷиҳати ғанӣ гардидани фазои фарҳангии мамлакат, ташаккули майлу рағбати зебописандӣ ва  ҳунари эҷодгарӣ афроди ҷомеа шароити мусоид фароҳам омадааст.

Силсилаи тадбирҳое, ки роҳандозӣ гардидаанд, пеш аз  ҳама ҷиҳати тақвият бахшидани муҳити фарҳангии мамлакат, бо тарзу мундариҷаи нав баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ баҳри  солим нигоҳ доштани фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳо,  эҳё ва рушди фаъолияти тамоми равияҳо, шаклҳо ва намудҳои соҳаи фарҳанги миллӣ равона гардидаанд.

Дар ин замина, баҳри мутобиқгардонии мундариҷа ва самти фаъолияти муассисаҳои фарҳангу санъат ба  ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд, таҷдид ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори соҳаи фарҳанг, бунёди заминаи моддӣ-техникии замонавии муассисаҳои фарҳанг, фароҳам овардани шароити мусоид барои ворид шудани муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу  ҳунар ба низоми ягонаи таҳсилот тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва бозори ҷаҳонии меҳнат, таъмини шароит баҳри ривоҷу равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат низ тадбирҳои мушаххас пешбинӣ гардиданд.

Зимнан,  Ҳукумати мамлакат, бо назардошти нишондодҳои барномаҳои соҳавӣ вобаста ба такмили минбаъдаи заминаи ташкилию  ҳуқуқӣ, иқтисодию молиявӣ ва илмию методии сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг кӯшиш менамояд, ки тамоми имкониятҳоро истифода бурда, дар ин радиф, таваҷҷӯҳи асосиро ба беҳтар намудани хусусияти инноватсионии фаъолияти фарҳангӣ, ҷалби нерӯи инсонӣ ва захираҳои эҷодӣ, фароҳам овардани муҳити рақобатпазири фарҳангӣ,ташаккули муҳити рақобатпазири фарҳангӣ   ва таҳкими заминаи меъёрии  ҳуқуқӣ ва низоми идоранамоии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ равона намудааст.

Дар ин замина, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии фарҳангӣ, шаффофият ва дастрасии онҳо ба мардум, пешкаши саривақтию босифати чунин хизматрасониҳо, пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ баҳри таъмини тавсеаи самтҳои фаъолияти эҷодӣ  лоиҳ аҳо ва барномаҳо таҳия гардида истодаанд.

Бояд қайд кард, ки маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ илми мусиқии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, дар ин зимн барои роҳандозии равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи мусиқӣ шароити хуб фароҳам оварда шуда, олимони соҳаи мусиқӣ дар ин ҷода як қатор тадқиқотҳои илмиро ба сомон расонидаанд.

Сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар маҷмӯъ ба худшиносӣ, рушду нумӯи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳанги халқи тоҷик равона карда шуда, дар баробари рушди фарҳанги миллӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ба фазои умумиҷаҳонии тамаддун, тарғиби санъати мусиқии касбии тоҷик мақоми аввалиндараҷа пайдо мекунад ва ин рисолатро имрӯз маҳз  аҳли эҷод, аз ҷумла Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба зимма дорад[2].

Мусаллам аст, ки барои қонеъ намудани талаботҳои гуногунранги зебоипарастии ҷомеа нақши арбобони фарҳангу ҳунар, аҳли эҷод, композиторону мусиқишиносон баҳри тарбияи мусиқӣ-зебоипарастӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби композиторони Тоҷикистон операҳо, балетҳ о, асарҳо барои оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ, романсҳо, ораторияҳо, кантатаҳо, пйесаҳо барои созҳо, мусиқӣ барои кино ва дигар жанрҳои мусиқии касбӣ офарида шудааст, ки маҳз барои қонеъ намудани талаботи зебоипарастӣ ва рушди маънавии ҷомеа нигаронида шудаанд.

Зимнан, дар радифи эҷоди асарҳои муосири миллӣ, таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои мусоидат дар ташаккули муҳити муосири  фарҳангӣ ва хусусиятҳои мусиқӣ ҳамчун арзиши зебоипарастӣ дода мешавад. Композиторону мусиқишиносони тоҷик  пайваста кӯшиш менамоянд, ки дар такя ба фарҳанги қадима ва бою рангини миллиамон, дар пешбурди фарҳанги ҷомеаи навини Тоҷикистон ва боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии мардуми тоҷик саҳмгузор бошанд.

Аҳли эҷод дар баробари эҷоди асарҳои мусиқӣ ва дигар осори мусиқишиносӣ, инчунин, корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотиро баҳри пешбурди сиёсати фарҳангии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии фарҳанг ва санъат мавриди таҳқиқ қарор дода, вобаста ба масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методологии тахқиқотҳои илмӣ дар равияи санъатшиносии миллӣ пажӯҳишҳои муфид анҷом дода истодаанд[3].

Тӯли солҳои охир нақши фарҳанг дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа назаррас мебошад ва таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз муҳит ва фазои фарҳангӣ ба чорабиниҳои сиёсии кишвар  ҳусни тоза зам намуда, моҳияти ин чорабиниҳоро барои иштирокчиён ва бинандагон хотирмон месозад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати фарҳангии худ ба таҳкими бунёди маънавии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи мардум, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, осоиш ва сулҳу суботи ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд медиҳад.

Дар ин замина, аҳли эҷод баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик, баланд бардоштани мақоми мусиқии касбии тоҷик дар ҷомеаи муосир, рушди мукаммали тафаккури бадеиву маънавии аҳли ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон тадбир ҳ ои амалиро роҳандозӣ намуда истодааст[4].

Қайд кардан хеле бамаврид аст, ки маҳз туфайли ибтикороти пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар самти эҳё ва рушду такомули фарҳанги миллӣ ба дастовардҳои воқеан назаррас ноил гардид.

Дар 31-соли Истиқлолияти давлатӣ даҳҳо иншооти дорои аҳамияти фарҳангӣ, муассисаҳои миёнаву олии таълими мусиқӣ ва дигар соҳаҳои фарҳанг бунёд ва таъмиру навсозӣ гардиданд.

Дар ин зимн, таъсиси Консерваторияи миллӣ, ансамблҳои давлатии «Шашмақом» ва «Фалак», Филармонияи бачагона,  Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи хореографӣ, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии  фарҳанг ва иттилоот, Донишкадаи давлатии санъати тавсвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода табдил додани Донишкадаи санъати Тоҷикистон, таъмиру таҷдид ва мавриди истифода қарор гирифтани  ягона арғунун дар Тоҷикистон,  ҳамчун мероси нодири фарҳангии ҷаҳон ва намунаи беназири мусиқии эҷодию анъанавии тоҷикон пазируфта шудани «Шашмақом»  ва «Фалак»  аз ҷониби Созмони бонуфузи ҷаҳонии ЮНЕСКО  аз падидаҳои нодири фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд, ки маҳз бо иқдоми Сарвари маҳбуби давлатамон амалӣ гардиданд.

Дар ин радиф, бо амри Президенти кишвар дар бораи таҷлили идҳои нави фарҳангӣ баҳри  ҳифзу рушду васфи мусиқии волои классикӣ – Шашмақом (12 май) ва мусиқии касбии суннатӣ – Фалак (10 октябр)  ҳамасола шаклҳои гуногуни ҷашнвораҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд[5].

Зимнан, ин иқдомҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи мусоиде баҳри  рушди минбаъдаи мусиқии касбӣ, пешравии эҷодии  ҳунармандони боистеъдоди ҷавон, ғанисозии фарҳанги миллӣ ва таблиғи  ҳамаҷонибаи мусиқии касбӣ дар мамлакат фаро ҳ ам оварда шуд.

Аҳли фарҳангу  ҳунар аз чунин пайгирӣ ва иқдомҳои беназири Сарвари давлат дар муназзамгардонии  ҳифзу рушди фарҳанги асили миллати тоҷик ифтихорманданд ва барои  рушду нумуи он тамоми нерӯ ва истеъдодашонро равона намуда истодаанд.

Боиси сарфарозист, ки фарҳанги миллии тоҷик  ҳамчун санъати мардуми қадимаи фарҳангпарвар муаррифӣ мешавад, ки имрӯз  ҳам иқтидору хусусиятҳои хешро нигоҳ  дошта, рӯ ба рушд овардааст ва  ҳам дар ҷараёни ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун симои миллии худро ҷилвагар карда истодааст.

Ҳамон тавре, ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, ҷомеа ва насли имр ӯза санъати асилу касбиро пазиро буда, маҳз санъати волою асил бавуҷудорандаи завқи бадеии бинанда ва эътиқоди мардум ба ин бахши муҳими давлатдорӣ арзёбӣ мешавад.

Дар ин зимн бояд қайд намуд, ки маҳз дар солҳои соҳ ибистиқлолӣ ҷавонони боистеъдоди зиёде ба майдони  ҳунар қадам ниҳода, дар рушди мусиқии мардумӣ (фолклор, эҷодиёти оҳангсозони мардумӣ), касбӣ-мардумӣ, классикӣ, касбӣ-композиторӣ, эстрадӣ саҳми назаррас гузоштанд.

Дар ин радиф, бо қаноатмандӣ метавон қайд намуд, ки Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азиз ман», ки бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд, истеъдодҳои зиёдеро   ҳамасола дар фазои фарҳангии мамлакат кашф намуда истодааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати фарҳангпарваронаи худ таваҷҷуҳи асосиро ба таҳкими бунёди маънавии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи мардум, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, осоиш ва сулҳу суботи ҷомеа  зоҳир менамоянд.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо  ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷодаи эъмори давлати  ҳуқуқбунёди дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Густариш ёфтани маънавиёти ҷомеа ва ба ин васила дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зина ба зина боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат, аз ҷумла дар эҳёи фарҳанги мусиқии тоҷик инъикос ёфтааст, дар тарбияи маънавии мардум нақши арзанда мебозад.

Суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон «Фарҳанг ҷавҳари ҳастӣ ва пояи миллат аст» тасдиқи он аст, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ҳар як халқу миллат танҳо тавассути дастовардҳои фарҳангии хеш метавонад соҳиби обрӯю нуфуз ва дастгирии ҷомеаи мутамаддин гардад.

Дар давоми 31- соли Истиқлолияти давлатӣ аҳли эҷоди кишвар ба дастовардҳои бузургу назаррас ноил гардида, пайваста кӯшиш менамоянд, ки ба фарҳанги қадима ва бою рангини миллиамон такя намуда, дар пешбурди фарҳанги ҷомеаи навини Тоҷикистон ва боз  ҳам баландтар бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии мардуми тоҷик саҳмгузор бошанд.

Гуногунрангӣ ва омехташавии фарҳангҳо зери таъсири ҷаҳонишавӣ имрӯз вазифаҳои муҳимро баҳри  ҳифзи таъриху анъана ва асолати миллӣ мегузорад.

Дар ин раванд,   ҳифзи анъанаҳои фарҳанги миллӣ, ташаккули  тамоюлоти ба замони муосир ҷовобгӯи маънавӣ-ахлоқии шаҳ вандон,  тарбияи  ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ  дар заминаи арзишҳои миллӣ,  фароҳам овардани шароити мусоид барои эҷоди низоми арзишҳои устувори маънавӣ дар ҷомеа мақоми хоса пайдо намудааст.

Ба  ҳамин минвол, дар давоми 31- соли Истиқлолияти давлатӣ аҳли фарҳангу санъати мамлакат ба дастовардҳои бузургу назаррас ноил гардида, пайваста кӯшиш менамоянд, ки ба фарҳанги қадима ва бою рангини миллиамон такя намуда, дар пешбурди фарҳанги ҷомеаи навини Тоҷикистон ва боз  ҳам баландтар бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии мардуми тоҷик саҳмгузор бошанд, зеро, чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд «…танҳо донистани таъриху тамаддуни халқи худ, бархурдор будан аз суннатҳо ва расму оини фарҳангии мардуми хеш, омӯзишу дарки мероси бойи гузаштагони илму адаби  миллатамон моро аз  ҳар гуна таҳдид ва хавфу хатари ҷаҳонишавӣ ва равияву тамоюлҳои бегонаву ифротгаро эмин дошта, ба кӯйи мурод раҳнамун месозад».

Имрӯз аҳли эҷод дарк менамояд, ки бо назардошти таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи глобаливу минтақавӣ вазифаҳои нав ва мураккаби соҳаи фарҳангу санъатро танҳо дар заминаи  арзишҳои волои маънавии ниёгон ва нерӯи эҷодиву созандаи худ  иҷро намуда метавонад.

Ҷиҳати таъмини иҷрои ин вазифаҳо дар кишвари соҳибистиқлоли мо тамоми шароитҳ  фароҳам оварда шудааст, ки барои боз хам боло бурдани эътибору нуфузи фарҳангу санъати миллии тоҷик мусоидат хоҳад намуд.

 

 

Адабиёт

  1. Низомов Х.. Созҳои мусиқии тоҷик ва ҳунари созтарошӣ / Сарредаксияи Энсиклопедияи илмии миллиии тоҷик.Душанбе 2012. С-36
  2. Низомов Х.. Созшиносӣ / Адиб, Душанбе 2016. С-3
  3. Кабилова Б.Т. История становления таджикской советской музыкальной культуры //Вестник Таджикского национального университета. – № 3/5 (142), 2014. – С. 3-7.
  4. Низомов Х. «Айният ва гунугуншаклии мероси фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Бюллетени Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмато- 2017
  5. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. Душанбе, 2010
  6. Сомонаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон – http://www.kompozitor.tj
  7. Музыкальная жизнь советского Таджикистана. – Выпуск 1. – Душанбе: Дониш, 1974.
  8. Таджикская музыка.- Душанбе, 2003.

[1] Низомов Х.. Созњои мусиќии тољик ва њунари созтарошї / Сарредаксияи Энсиклопедияи илмии миллиии тољик.Душанбе 2012. С-36

[2] Сомонаи Иттифоќи композиторони Тољикистон – http://www.kompozitor.tj

[3] Кабилова Б.Т. История становления таджикской советской музыкальной культуры //Вестник Таджикского национального университета. – № 3/5 (142), 2014. – С. 3-7.

[4] Низомов Х.. Созшиносї / Адиб, Душанбе 2016. С-3

[5] Низомов Х. «Айният ва гунугуншаклии мероси фарњангї дар Љумњурии Тољикистон/ Бюллетени Дафтри минтаќавии ЮНЕСКО дар шањри Алмато- 2017