ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ.

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ.

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали оби Душанбе баргузор мегардад. Ин иди арҷгузорӣ ба об ҳамчун асоси ҳаёт, некӯаҳволӣ, шукуфоӣ ва рушди устувор хоҳад буд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Фестивал дар чорчӯбаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир карда мешавад.

Фестивали оби Душанбе аз панҷ бахш иборат буда, дар барномаи он намоиши ҳунарҳои дастӣ ва эҷодиёти мардумӣ, либосҳои миллии тоҷикӣ, таомҳои миллӣ, барномаи консертӣ бо иштироки устодони варзидаи санъати кишвар ва дигар чорабиниҳо пешбинӣ карда шудаанд.

Ҳадафи аслии фестивали оби Душанбе баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи арзиши об ҳамчун манбаи ҳаётан муҳим, эҳтиром ва ҳифзи он барои наслҳои оянда хоҳад буд. Фестивал дар баробари паёмҳои мусбӣ, мушкилоти мавҷудбуда ва зарурати сафарбар кардани саъю кӯшишро барои рафъи онҳо нишон медиҳад.

Мақсади дигари ин ҷашнвора намоиши сиёсат ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конфронси оби СММ, ки соли 2023 таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор мегардад, мебошад.

Фестивал аз соати 18:30 то 21:00 идома ёфта, ба меҳмонон-иштирокчиёни конфронс имкони хуб фароҳам меорад, ки бо таърих, фарҳанг, санъат, анъанаҳои неки мардуми тоҷик ошно шаванд ва ҳамзамон фароғати гуворо дар фазои дӯстона ва идона дошта бошанд.

Пайрав ҚОСИМ
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»