ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

ПАЁМИ ФАРҲАНГ ВА МАЪРИФАТ

 Хусусияти хоси Паёми навбатии Пешвои миллат он аст, ки дар соли таҷлили 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишварамон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид. Дар Паёми имсола оид ба бисёр масъалаҳои марбут ба иқтисодиёт, маърифат, илму фарҳанг, омӯзиши таърих, забономӯзӣ, боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан як силсила пешниҳодҳои ҷолиб ироа гардиданд.
Маориф ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъкид шуд. Зикр гардид, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯзиши забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Он чи дар Паём барои фарҳангиёни мамлакат муҳим ба шумор меравад, он аст, ки нисбат ба масъалаҳои таърихиву фарҳангии кишвар як силсила нуктаҳои ҷолиб баён гардид. Аз ҷумла, ба олимони ҷомеашинос ва зиёиёни эҷодкор тавсия дода шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон баҳри ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик, рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд. Дар ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои бостониву фарҳангӣ барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон, омили муҳим дониста шуд.
Тавре маълум аст, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҳё ва роҳандозии арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллии халқамон ҳамасола саъю талоши зиёд ба харҷ медиҳад, ки ин мавзуъ низ дар Паёми навбатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷашнҳои миллии Шашмақом, Фалак, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии ҷомеаи кишвар ва муаррифии шоистаи халқу кишварамон дар арсаи ҷаҳон нақши арзишманд мебозанд ва Вазорати фарҳанги кишвар ҳамасола барои дар сатҳи баланд доир намудани ин ҷашнҳо чораҳои муҳим меандешаду роҳандозӣ менамояд.
Дар Паём масъалаҳои китобу китобдорӣ ва ҷалби оммаи васеъ, хусусан ҷавонон, ба китобхонӣ махсус зикр гардид. Баргузории намоишҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар  туҳфа намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон  Ғафуров, таҷлили  Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо иншооти таъиноти фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба кишварҳои гуногуни дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол дар соҳаи фарҳанг дониста шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намуданд, ки ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илмдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем.
Барои фарҳангиёни мамлакат ва тамоми сокинони кишвар боиси ифтихор аст, ки чанде аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангии моро ЮНЕСКО соли 2021 ба рӯйхати мероси фарҳангӣ ворид кард.  Аз ҷумла,  9 мавзеи таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон – Қароқум», пазируфта шуд. Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон мавриди дар сатҳи чорабиниҳои ЮНЕСКО таҷлил намудани 2500 – солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» дар солҳои 2022 – 2023 хуш пазируфта шуд. Дастоварди дигар дар ин росто он аст, ки намунаи мероси фарҳанги миллии мо – «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.
Аввалин бор роҳандозӣ гардидани намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи “Гимей”-и Фаронса, ки  моҳи октябри соли ҷорӣ дар минтақаи Аврупо оғоз ва се моҳ таъриху тамаддун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷикро ба мардуми Аврупо муаррифӣ намуд, аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими фарҳангии кишвари мо ба шумор мераванд, ки дар ин бора низ Пешвои миллат дар Паём ишора намуданд.
Паёми соли 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишварамон бо мазмуну муҳтаво ва фарогирии масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо, таҳлили амиқи равандҳои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, ояндабинии бахшҳои гуногуни ҷомеа, дар сатҳи баланд ироа гардид. Ин Паём, бешубҳа, ҳамчун санади муҳим, дастури роҳнамо, аз ҷониби тамоми аҳли ҷомеаи кишварамон мавриди омӯзишу  татбиқ қарор хоҳад гирифт.
Сафарзода ДАВЛАТ,
муовини вазири фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон
манбаъ:https://jumhuriyat.tj