ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

ПАЁМ  – МАРҲИЛАИ НАВИ ТАТБИҚИ НАҚШАВУ ЛОИҲАҲО

                 Хуршед Низомов,

Узви Раёсати Иттифоқи композиторони

                       Тоҷикистон

Рӯзи 23 декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода,  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои хоси худ аз ҳамдигар фарқ намуда, дар заминаи вазъи воқеии ҷаҳони муосир ва масоили мубраму муҳим расонида мешаванд.

Зимнан, аз Паём то Паём як зинаи фаъолияти аҳли фарҳангу ҳунар  низ ҷамъбаст гардида, марҳилаи нави татбиқи нақшаву лоиҳаҳо оғоз меёбад.

Муссалам аст, ки дар шароити зудтаъғйирёбандаи замони муосир нақш ва мақоми фарҳанг дар ташаккули ҷаҳонбинии нав афзуда, функсияҳои тарбиявӣ, маърифатӣ ва иттилоотии он боз ҳам густариш меёбад.

Ин аст, ки дар паёмҳои худ Сарвари давлат ҳамеша ба масъалаи рушди соҳаи фарҳанг диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд, ки онҳо як барномаи муҳими танзими фаъолият ва ноил шудан ба ҳадафҳои муайян мебошанд.

Дар соли таърихии сипаригардида, ки тавъам ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, дар соҳаҳои гуногуни мамлакат пешрафту тағийроти назаррас ба мушоҳида расида, аз он ҷумла, соҳаи фарҳанг низ ба пешравиҳои зиёд ноил гардид, ки онро чун як марҳ илаи пешрафту камолот ва фаъолияти пурсамар метавон арзёбӣнамуд.

Дар ин замина, нақши аҳли фарҳанг дар  таҷлил ва баргузории маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун ҳ ссагузорӣ дар амри ободонии Ватан ва  муттаҳ иду сафарбар намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа маҳсуб меёбад, ки он дар баланд бардоштани рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллии ҳамватанон, инчунин мустаҳкам гардидани нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири босамар доштанд.

Нуктаи муҳими дигари Паём, ин дастури Сарвари давлат вобаста ба ташаккул ва истифодаи босамари нерӯи инсонӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла баланд бардоштани таълиму тарбия ва ниҳоят, дастёбӣ ба сатҳу сифати шоистаи зиндагӣ барои сокинон аз қабили масъалаҳои аввалиндараҷае буданд.

Имрӯз дар кишвари мо шароите ба миён омадааст, ки ҳар як шаҳрванди ин сарзамин метавонад дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеи хешро бо хости худ муайян намояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми қонунҳои амалкунандаи мамлакат баҳри зиндагии арзанда ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон шароити муносибу мусоидро ба миён овардаанд.

Ватандӯстии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки тавъам бо худшиносӣ ва ифтихори миллист, аз дидгоҳи сиёсӣ пеш аз ҳама аз               ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар, дарки манфиатҳои миллӣ, инчунин шинохти мавқеъи таърихии худ, мавқеъи имрӯза ва ояндаи миллат иборат аст.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём бармеоянд, барои рушди соҳаи фарҳанг минбаъд низ баҳри баланд бардоштани завқи эстетикӣ ва ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа ба фазои фарҳангӣ,  эҳё, ҳифз ва рушди суннатҳо, тарғиби дастовардҳои фарҳанги муосир ва  мероси пурғановати ниёгон, инчунин тақвияти фаъолияти муассисаҳои фарҳангии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон, баргузории маҳфилҳои гуногуни тарбиявию фарҳангӣ, вохӯриҳо, фестивалу озмунҳо, намоишномаҳои театрӣ, дастгирӣ ва арзёбии анъанаҳо ва суннатҳои гаронмояи фарҳанги миллӣ бояд тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуд.

Итминони комил дорем, ки аҳли фарҳангу ҳунар ҷиҳати татбиқи дастуру нишондодҳои Паём камари ҳиммат баста, бо истифода аз захираҳои эҷодию амалӣ, баҳри иҷрои босуботи ҳама нақшаву ниятҳо тамоми донишу малака, ақлу идрок, кӯшишу ғайрат ва ҳунару истеъдоди хешро баҳри ташаккули ҷаҳони маънавии шаҳрвандон ва афзудани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ равона хоҳад намуд.

Мо шуълаи нури Пешвоафрӯзем,

Мо ахтари гарми оташи наврӯзем.

Маънии шукуфтани ватандориро,

Пай монда, паёпай аз Паём омӯзем.