ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

ОФАРАНДАИ ҲАЁТ ВА САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

ОФАРАНДАИ ҲАЁТ ВА САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

Мафҳумҳои Зан, Модар, Озодӣ, Баҳор, Меҳру Садоқат, Раҳму Шафқат, Зебоӣ ва Иффат дар ин айёми зебои сол ба ҳам тавъам меоянд. Агар зан офарандаи ҳаёт бошад, баҳор табиатро зинда мегардонад. Вале Зан-Инсон бузургтар аз ҳамаи ин мавҷудот аст.

Мегӯянд, ки зан-модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Яъне модарони азиз, бонуҳои меҳрубон асолати бузургеро бар дӯш доранд. Асолате, ки ба ибораи дигар онро идомабахши зиндагонии ҷовидона унвонаш мекунанд.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қ айд намудаанд: «Мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақ иқ иву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақ ому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад».

Яке аз асосҳои муҳимтарини ҷомеаи демократии муосир  ин  ҳуқуқ  ба баробарӣ буда, он барои адолати иҷтимоӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҳкими мақ ому манзалати занон тамоми тадбирҳоро андешида,  вобаста ба ҳифзи ҳуқ уқ ҳои занон ва баланд бардоштани мақ оми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон як силсила санадҳои меъёрии ҳуқ уқ иро ба тасвиб расонидааст.

Дар шароити ҳозираи ҷаҳонишавӣ махсусан чеҳраи зан-ходими давлатӣ, зан – композитор, зан-ташкилотчӣ, зан-роҳбар, зан-муаллиму духтур, зан-шоиру зиёӣ, зан-коргузору қонунсоз ва зан умуман ҳамчун симои ба эътидоловарандаи вазъи сиёсию иҷтимоӣ беш аз пеш ҳувайдо гашта истодааст.

Имрӯз давлат барои толибилмон шароити хубу мусоиди таълимиеро фароҳам овардааст. Қ обили зикри хос аст, ки, бо воситаи квотаи президентӣ аз навоҳии кӯҳистон айни замон ҳазорон нафар духтарон дар донишгоҳҳо таълиму тарбия гирифта истодаанд.

Имрӯз занон дар ҳамаи зинаҳои  ҳокимият ва сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд. Ҳамзамон, роҳандозии сиёсати иҷтимоӣ дар кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат барои занон ҷиҳати дарки рисолати худ вобаста ба тарбияи насли солим ва беҳтар намудани вазъи демографӣ дар мамлакат мусоидат намуда, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва ғоявии давлат дастгирии доимии модарон, устувор гардонидани пояҳои арзишҳои оиладорӣ, ташаккул додани ҳисси эҳтиром ба Зан – Модар дар ниҳоди ҷавонон мебошад.

Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, офарандаи ҳаёт ва пойдории оила,  ҳидоятгар ва тарбиятгари наслҳо, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ Зан-Модар вобаста аст, чунки МОДАР – сарчашмаи меҳру муҳаббат, нури ҳар як хонадон буда, рисолати аслиаш сабурии ӯст. Нақ ши офаринишии зан — он заминаест, ки бе он пойдории оила, эҳёи маънавии ва рушди ҳамаҷонибаи ҷамъият номумкин аст.

Ин аст, ки бо мақ сади арҷгузорӣ  ба мақому манзалати ва бузургдошти Зан – Модар, дар такя ба суннату анъанаҳои неки миллати тоҷик, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март – Рӯзи модар эълон гардид, ки он дар оғози марҳилаи сифатан нави давлатдории тоҷикон, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну арзишҳои миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овардааст.

Мафҳумҳои Модар, Ватан дар худ як ҷаҳон маънӣ, шукуҳу шаҳоматро ҷой додаанд ва ин ду мафҳум барои ҳар як инсон азизу муқ аддас буда, ҳимояи он шаъну шараф ва қарзи инсонии ҳар як шахс ба шумор меравад. Ботини поку беолоиш ва ҷаҳони орзуву ҳавасҳои модар меҳварест, ки ҳама ба даври он гирд меоянд ва таҷлили Рӯзи Модар, ки ба мавсими эҳёи табиат, арафаи оғози баҳори хӯҷастапай  ва  ҷашни миллиамон Наврӯзи Аҷам рост меояд, басо рамзист.

Дар ин рӯзи муборак  ҳар як шахс мехоҳад, ки модаронро бо меҳру муҳаббати худ аз самими қ алб сарфароз гардонида, беҳтарин таманниёти худро иброз намуда, барояшон хушбахтӣ  ва рӯзгори ободу осуда, ба хонадонашон ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоиятро таманно намояд.

Идат муборак МОДАР!

 

Бо нураш гарчи ин хуршеди ховар,

Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,

Намегардад валекин он баробар

Ба ин пурқ увватӣ бо меҳри модар.

 

 

  Амирбек МӮСОЗОДА

Хуршед НИЗОМОВ