ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Маҳфили эҷодии композитор Абдураҳмон Тошматов

Санъати мусиқӣ падидаи нодир ва арзишманди ҳаёти иҷтимоӣ мебошад, ки  дар рушди маънавии ҷомеа нақши  муҳим дошта, ҷузъи қавии фарҳанг, омили бузурги хештаншиносӣ ва муассиртарин муарифгар барои ҳар миллат  маҳсуб меёбад.

Бо шарофати сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳифз ва рушди  санъати миллӣ, дастгирии шаклҳои гуногуни мусиқии касбӣ аз ҷумла, эҷодиёти композиторону мусиқишиносон ва ҳунармандон, инчунин омоданамоии кадрҳо зери таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти мамлакат қарор гирифтааст.

Дар ин замина, бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода 55 –солагии фаъолияти эҷодии   композитор, дорандаи ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Борбад Абдураҳмон Тошматов бо иштироки васеи аҳли эҷод, композиторону мусиқашиносон, хонадагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳану санъат, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҳфилро бо сухани ифтитиоҳи Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсозода оғоз намуда, оид ба муҳимияти нақши арбобони фарҳангу ҳунар, аҳли эҷод, композиторону мусиқишиносон баҳри тарбияи мусиқӣ-зебоипарастӣ ва дар ин замина баргузории чунин маҳфилҳои эҷодиро ҳамчун руйдоди муҳими бадеӣ арзёбӣ намуд.

Вобаста ба нақши санъати касбӣ ҳамзамон муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, намояндагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи фарҳангу санъати Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар маҳфил, аз ҷониби хонандагону донишҷуёни мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ, мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ба номи М. Атоев, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Хори академии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асарҳо аз эҷодиёти Абдураҳмон Тошматов пешкаши ҳозирин гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки  самтҳои фаъолияти эҷодии композитор  Абдураҳмон Тошматов гуногунҷабҳа буда, аз суруду оҳангҳо барои наврасон ва ҳунармандони касбӣ, асарҳои камеравӣ барои созҳои миллӣ, асарҳо барои оркестри симфонӣ, оркестри созҳои миллӣ ва ғайра иборат мебошанд. Мавсуф муаллифи маҷмӯаҳои “Гулдаста”, “Сурудҳои шукрона”, “Мавҷи Сир”, “Зангӯла”, “”Шасти ҳунарманд”  ва “Офтобак” мебошад.

Маҳфили  эҷодии композитор Абдураҳмон Тошматов                               Маҳфили  эҷодии композитор Абдураҳмон Тошматов                        Маҳфили  эҷодии композитор Абдураҳмон Тошматов