Дар Толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон маҳфили эҷодӣ бахшида ба таҷлили 110 — солагии композитор, мусиқишинос, ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рўдакӣ, собиқ Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1948-1953) Фазлиддин Шаҳобов доир гардид. Дар мањфил композиторон, мусиқишиносон, Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Ф. Шаҳобов-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарварии Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Фурқат Саидзода, Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон — Ҳаётой Муминова, Хосияти Зарафшонӣ, Лола Азизова ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Моҳрухсор Сафиева, хонандагони Мактаб — интернати миёнаи махсуси санъати Ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев, донишҷуёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Саттор барномарези карданд.