ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Қадрдонии бонувон – аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар

Қадрдонии бонувон   - аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар

Дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ ва қадрдонии бонувон   – аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон доир гардид. Тавре Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсозода дар суханронии худ иброз намуд: «Нақши офаринишии зан – он заминаест, ки бе он пойдории оила, эҳёи маънавӣ  ва рушди ҳамаҷонибаи ҷамъият номумкин аст ва дар ин замина яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва ғоявии давлат дастгирии доимии модарон, устувор гардонидани пояҳои арзишҳои оиладорӣ, ташаккул додани ҳисси эҳтиром ба Зан – Модар дар ниҳоди ҷомеа мебошад.

Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба суннату анъанаҳои неки миллати тоҷик дар оғози марҳилаи сифатан нави давлатдории тоҷикон тамоми тадбирҳоро ба хотири таҳкими мақ ому манзалати занон андешида, имрӯз онҳо дар ҳамаи зинаҳои  ҳокимият ва сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Давлат барои иштироки фаъолонаи занон дар корҳои идоракунӣ, дар амри қонунгузорӣ, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, фарҳангу ҳунар ва тарбияи насли солими ҷомеа шароитҳои муносиберо муҳайё сохта истодааст».

 Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ доир  гардида, бонувон бо тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.