ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Франсуа Шаплен дар Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир мекунад

 

Франсуа Шаплен дар Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир мекунад

 

4 март дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо иштироки яке аз пианинонавозони беҳтарин ва мунаққидони барҷаста Франсуа Шаплен барномаи фарҳангӣ доир мегардад.

Франсуа Шаплен дар театри мазкур барои баргузории барномаи фарҳангии худ омодагӣ мебинад.

Франсуа Шаплен аз ҷумлаи яке аз 10 беҳтарин пианинонавозони ҷаҳон аст, ки ба эҷоди ӯ аз ҷониби мунаққидони варзида баҳои баланд дода шудааст. Мавсуф хатмкардаи Консерваторияи олии миллии Париж, лауреати Озмуни байналмилалии пианиновозони ҷавон дар Италия, ҷоизаи Мотсарт дар озмуни байналмилалии Кливленд Роберт Касадейс мебошад.

Инчунин дар оркестрҳои дараҷаи ҷаҳонӣ — ансамбли оркестри Париж, оркестри филармонияи Санкт-Петербург, оркестри филармонияи Япония, оркестри миллии Лил, оркестри миллии Лотарингия шарафи ҳунарнамоӣ доштааст.

Манбаъ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АМИТ ХОВАР.