ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Довталабони Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соли 2022 маълум шуданд

Довталабони Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соли 2022 маълум шуданд
Асарҳое, ки ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2022 роҳ ёфтанд, маълум шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷоизаи мазкур хабар доданд.
Дар бахши адабиёт романҳои «Саройи санг»-и Ато Мирхоҷа ва «Киштии Нӯҳ»-и Юнус Юсуфӣ, ки аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ба озмун роҳ дода шуданд.
Намоишномаи «Пайкари миллат»-и Давлаталӣ Убайдуллозода ба бахши театр ва синамои озмун роҳ ёфт. Намоишномаи мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг пешниҳод шудааст.
Бо пешниҳоди Раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон операи «Хусрав ва Ширин» ва консерти симфонии «Хуршеди фараҳ»-и Амирбек Мӯсозода дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ ба озмун роҳ дода шуд.
Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ силсилаи асарҳои тасвирии «Президент – кафили сулҳ», «Дарахти зиндагӣ», «Деворнигораҳои Шаҳристон» ва «Рустамнома»-и Олим Рабизода, ки аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ба озмун роҳ ёфтанд.
Китоби «Як каф гандум»-и Азизи Азиз бо пешниҳоди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон иштирок менамояд.
Дар бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ тарҷумаҳои Одил Икром – «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (шаш дафтар), «Синбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Ғазалиёт»-и Туғрал, «Модарнома» ва «Дилам дуо мехоҳад»-и Лоиқ Шералӣ, «Тасбеҳи ишқ»-и Фарзона, «Субҳ ба хайр»-и Озарахш, «Садои аср»-и Фурӯғи Фаррухзод, баёзи «Гулчини назми муосири тоҷик», «Лолаи Тӯр» ва «Армуғони Ҳиҷоз»-и Муҳаммад Иқбол ба озмун роҳ дода шуданд. Тарҷумаи ин асарҳо аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пешниҳод гардид.
Бояд гуфт, ки асарҳои мазкур бо қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар асоси низомномаҳои Кумита ва Ҷоиза, инчунин қарорҳои бахшҳо ба озмун роҳ дода шуданд.
манбаъ:Радиои Фарҳанг / Radio Farhang