ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар Душанбе сохтмони бинои Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов оғоз гардид

Дар Душанбе сохтмони бинои Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов оғоз гардид                            Дар Душанбе сохтмони бинои Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов оғоз гардид

 

/АМИТ «Ховар»/. Дар хиёбони Рӯдакии (№28) ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сохтмони бинои Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова барои 140 хонанда ва Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов барои 320 хонанда оғоз гардид. Дар як қисмати бинои мазкур Коллеҷи хореографӣ ва дар тарафи дигари он Коллеҷи санъат ҷойгир карда мешаванд, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе.

«Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 декабри соли 2021, №728 гурӯҳи лоиҳакашии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе лоиҳаи бинои мазкурро таҳия намуд. Шакли берунии бино ба Театри академии давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ шабоҳат дошта, масоҳати он 3600 метри квадратиро дар бар мегирад. Дар муассисаи таълимӣ дар баробари дигар утоқҳо бунёди 32 синфхонаи муосир ва 6 адад толорҳои барҳавои рақс барои жанрҳои гуногун пешбинӣ гардидааст. Шароити таълим дар муассисаи мазкур ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова» соли 2003 таъсис ёфтааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2007 таълимгоҳ ба номи балеринаи шинохтаи тоҷик, Ҳунарманди халқии СССР Малика Собирова гузошта шудааст. Дар коллеҷ мутахассисони касбии соҳаи хореография барои ансамблҳои рақсӣ ва Театри академии давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ тайёр карда мешаванд.

Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов соли 1945 ҳамчун Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дар заминаи мактаби мусиқии № 1 таъсис дода шуд ва он дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ қарор дошт. Соли 1950 омӯзишгоҳ ба бинои нав кӯчид. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004 ба Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов табдил дода шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо: Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе