ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

БАРРАСИИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯзҳо дар тамоми кишвар ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишу вохӯриҳо баргузор гардида истода, дар рафти он  сиёсати давлату ҳукумат, ки дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣва ғайра аз Паём бармеоянд, мавриди таваҷҷуҳ ва шарҳу тафсир қарор гирифта истодаанд.

Дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бо ма қсади татбиқи минбаъдаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём бармеоянд, ҳамоиш баргузор гардид.

Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсозода нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода,  қайд намуд, ки бешак, Паёми  Роҳбари давлат як барномаи муҳими танзими фаъолият ва ноил шудан ба ҳадафҳои муайян мебошанд ва соли 2021 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як марҳилаи пешрафту камолот ва фаъолияти пурсамар буд, дар ин замина, дар радифи дигар ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ, нақш  ва ҳиссагузории аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон низ бобати баланд бардоштани рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллии ҳамватанон хеле назаррас буд.

Қобили зикри хос аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои пешрафти фарҳангу санъат, хусусан рушди мусиқии касбӣ дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг  тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд, ки барои рушди бемайлони соҳа заминаҳои воқеан мусоидро фароҳам овард.

Дар ин замина, бояд қайд намуд, ки натиҷаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки бо ташаббус ва таҳти васояти Сарвари давлат баргузор мегардад, далели он аст, ки Тоҷикистон барои расидан ба касбиятнокии фазои фарҳангии кишвар дорои имкониятҳои зиёди эҷодӣ мебошад –қайд гардид дар ҳамоиш .

Дар ин зимн, дар рафти ҳамоиш ҳамзамон масъалаҳои  татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик баррасӣ гардида, вобаста ба ташаккули раванди нерӯи эҷодӣ, рушди санъати  мусиқии касбии миллӣ, тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ вазифагузорӣ  карда шуд.