Намоиши навбатии оратория- драмаи мусиии “Достони Нур” бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид.
Муаллифи опера раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амирбек Мӯсозода ва муаллифи либреттои асари миллии мазкур Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар мебошанд.
Оратория – драмаи мусиқии «Достони Нур» бешак баҳри инъикоси нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон, баланд бардоштани рӯҳияи ватанадорӣ ва фарҳанггустарии ҷомеа дар заминаи арзишҳои умумимилӣ ва умумибашарӣ мусоидат менамояд.