ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба 12 муассисаи таълимии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон созҳои миллии мусиқӣ тақдим гардиданд

Ба 12 муассисаи таълимии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон созҳои миллии мусиқӣ тақдим гардиданд

 

Ба 12 муассисаи таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 137 адад созҳои миллии мусиқӣ, аз қабили 20 рубоб, 20 рубоби прима, 12 дутор, 20 ғиҷҷак, 11 чанг, 6 конун, 10 танбӯр, 2 пианино, 16 най, 20 доира тақдим гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати мазкур.

Дар маросими тақдими созҳои мусиқӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, сардорони раёсат, шуъба ва роҳбарони муассисаҳои таълимии тобеи вазорат иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки ин амал баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи фарҳанг ва мукаммалгардонии муассисаҳои таълимии тобеи вазорат бо созҳои миллии мусиқӣ роҳандозӣ шудааст.

Зулфия Давлатзода иброз дошт, ки «имрӯзҳо бо созҳои миллии мусиқӣ мукаммал намудани муассисаҳои таълимии тобеи вазорат заруриву саривақтӣ буда, бо боварии комил метавон гуфт, ки наврасону ҷавонони бофарҳангу санъатдӯсти мо тавассути онҳо санъати навозандагиро аз худ менамоянд».

Манбаъ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон