Аз номи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон устод Толибхон Шаҳидӣ-ро бо маҳфили эҷодиашон, ки рўзи 29-апрел дар толори Консерваторияи ба номи П.И. Чайковский дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, табрику муборакбод мегўем. Ба эшон тансиoатm ва илoоми саршор таманно дорем. Сарбаланду муваффақ бошед устоди арљманд! Имрўз 1– уми майи соли 2021 дар толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барномаи консертии Мактаби бачагонаи санъат ба номи Муҳиддин Аминзода – и шаҳри Душанбе аз асарҳои композиторони тоҷик бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Асарҳои композиторон З. Шаҳидӣ, М. Атоев, Х. Абдуллоев, Г. Александров, Ҷ. Обидпур, Л. Толис, А. Мўсоев, Ш. Ашуров, П. Соҳибова дар иҷрои хонандагони ин мактаб бо як маҳорати баланди касбӣ иҷро гардид.