ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ҷаласаи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

Аз ҷаласаи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

16 – уми феврали соли ҷорӣ ҷаласаи Раёсати навбатии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон  Мӯсозода Амирбек  атрофи  амалӣ намудани «Самтҳо ва нақшаи фаъолияти эҷодӣ, илмӣ ва ташкилии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар соли 2022 суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки «пеш аз ҳама моро зарур аст то композиторону мусиқишиносон бобати эҷод намудани асарҳои баландмазмун,  муосир  ва пурғ оя бахшида ба идҳои миллӣ, барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашнҳои давлатию таърихии мамлакат аз қабили, 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Наврӯз», «Ваҳдати миллӣ» ва ғайра ҳамаҷониба  сафарбар  намоем.

Барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти кории  Иттифоқ  тибқи Нақшаи кории солона  тасмим гирифтем,  ки  баҳри бештар ҷалб намудани  ҷавонони эҷодкор  ва вобаста ба ҳавасмандгардонии онҳо  ҷораҷ ӯ иҳо намуда, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Ҳафтаи мусиқии касбӣ», озмунҳои эҷодӣ, консертҳои композиторони ҷавонро баргузор намоем ва ба ҳамин васила  шомилгардонии онҳоро дар барномаҳои фарҳангии сатҳи давлатӣ таъмин намоем.

Албатта барои амалӣ гардидани ҳадафҳои дар боло зикргашта моро зарур аст, ки дастаҷамъона саъю к ӯ шиш ба харҷ диҳем».

Дар идома тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис  баррасии осори эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Саидқул Билолов  манзури ҳозирин гардида, номбурда ба узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қабул шуд.

Сипас, тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани низоми корӣ ва масъулятнокии аъзоён нисбати талаботҳои Оинномаи ин созмони эҷодӣ  ду нафар аъзои Иттифоқ – Ҳамидова  Насиба ва Аксакалов Хуршед бо сабаби надоштани фаъолияти эҷодӣ, солҳои зиёд пешниҳод накардани ҳисобот оиди асарҳои тозаэҷод ва иштирок накардан дар чорабиниҳои фарҳангии кишвар тибқи қарори Раёсат аз сафи аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.