ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ
КОМПОЗИТОРОНИ
ТОҶИКИСТОН

“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.” 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аввалин маротиба дар Тоҷикистон операи машҳури «Травиата» ба забони асл манзури тамошобинон мегардад

Аввалин маротиба дар Тоҷикистон операи машҳури «Травиата» ба забони асл манзури тамошобинон мегардад

Моҳи феврали соли равон Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо иштироки ситораҳои Тоҷикистон, Италия, Узбекистон ва Озарбойҷон лоиҳаи нави байналмилалиро амалӣ менамояд. Дар ин бора аз Театр мазкур иттилоъ доданд.

Дар саҳнаи театр моҳи феврал операи ҷовидонаи Ҷузеппе Верди «Травиата» ба забони асл ба намоиш гузошта мешавад. «Беҳтарин ҳунармандони операи тоҷик, оркестри беҳамтои мо бо роҳбарии профессори Консерваторияи Милан маэстро Делфо Меничуччи, яккахонони мо якҷоя бо Ҳунарманди халқии Узбекистон Рамиз Усмонов ва Ҳунарманди шоистаи Озарбойҷон Афаг Аббосов операи «Травиата»-ро ба тамошобинон манзур мекунанд». «Алмоси репертуари классикӣ- «Травиата» -достони бебозгашт дар бораи рӯҳи гумшудаест, ки барои наҷот талош дошта, бо ишқ шифо ёфтааст, дар саҳнаи мо савти тоза пайдо мекунад», — хабар доданд аз Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.